ЗАБОНОМӮЗӢ — ТАЛАБИ ЗАМОН

Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, №438 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намуда, барои иҷро дастраси шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гардонидааст. Дар таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки яке аз онҳо таъмин набудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус ба шумор меравад. Рафти иҷрои Барномаи мазкур дар шуъбаҳои маориф ва муасси саҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ш. Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб 403 нафар омӯзгор аз фанҳои забони русӣ ва 269 нафар аз забони англисӣ бо хонандагон машғулият мегузаронанд. Норасоии омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр дида намешавад. Дар асоси нақшаи кории кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳр дар моҳи декабри соли ҷорӣ санҷиши сифати дониши хонандагон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии №№1,2,3,14,27,30 ва 52 гузаронида, мусбат арзёбӣ шудааст. Мутаассифона, дар шуъбаи маорифи шаҳр мушовири фанни забони русӣ то имрӯз фаъолият надорад. Назорати иҷрои фармону дастурҳои фанни мазкур ба зиммаи мушовири фанни забони англисӣ вогузор шудааст. Бо дастгирии кабинети методӣ дар муассисаҳои таълимии №№2, 16,39 ва 52 семинари дурӯзаи омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ гузаронида шудааст, ки дар он 183 нафар омӯзгор ширкат варзид. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи донишандӯзии хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр озмуни «Забондони беҳтарин » аз фанни забони русӣ гузаронида шуд, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимии №№1, 3,30 ва 52 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар муассисаҳои таълимии 12 таълимгоҳ бо дастгирии маъмурияти мактаб ва омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ кабинетҳои замонавӣ ташкил ва бо воситаҳои навини техникӣ, гӯшаю овезаҳо, аксҳои шоирону нависандагони рус ва ғайраҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Аз 48 муассисаи таълимӣ танҳо дар муассисаҳои таълимии №№4 ва 34 кабинетҳои лингофонӣ фаъолият мекунад. Новобаста ба ин ҳама, ҳанӯз ҳам дар таълиму омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ проблемаҳои ҳалталаб зиёданд. Норасоии кабинети лингофонӣ, воситаҳои аёнӣ ва техникӣ, китобҳои бадеӣ ва маводи дидактикӣ бо забони русӣ ва англисӣ боиси коста гардидани сифати таълим ва дониши хонандагон гардидааст. Набудани муҳити гуфтугӯ ва муоширати хонандагон бо забони русӣ боиси паст шудани дониши шифоҳии хонандагон шудааст.
Бояд зикр кард, ки фарогирии хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ (аз ҷумла, фанҳои забони русӣ ва англисӣ) дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Мушкилоти дигар нарасидани омӯзгорони соҳибкасби забонҳои русӣ ва англисӣ, сифати пасти китобҳои дарсӣ ва кам ҷудо шудани соатҳои таълимӣ барои омӯзиши фанҳои забони русӣ ба шумор меравад.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 86 нафар омӯзгори забони русӣ ва 45 нафар омӯзгори забони англисӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастанд. Аз ин шумора омӯзгорони забони русӣ бо маълумоти олӣ 65 нафар, маълумоти олии нопурра 21 нафар ва аз шумораи 45 нафар омӯзгори забони англисӣ бо маълумоти олӣ 24 нафар, бо маълумоти миёнаи касбӣ 11 нафар ва 9 нафар омӯзгори ғайриихтисос фаъолият доранд. Дар нақшаи кории кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия барои солҳои 2023-2024 дар моҳи ноябри соли ҷорӣ санҷиши сифати дониши хонандагон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии №№1,3,7,16,33 ва 36 гузаронида, дар шурои шуъбаи маорифи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Бо ибтикори мушовири забонҳои русӣ ва англисӣ Гулрухон Азизова дастури методӣ бо номи «Методическое пособие в помощь изучающим русский язык» дастраси омӯзгорону хонандагон гардидааст. Дар муассисаҳои таълимии №№ 1,3,5,7,10,11,12, 22,27 ва 36 бо дастгирии маъмурияти мактаб ва омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ кабинетҳои хуби замонавӣ ташкил гардидаанд.
Дар муассисаҳои таълимии №№4,6,21 ва 32 маҳфилҳои фанҳои забони русӣ ва англисӣ мувофиқи мақсад ба роҳ монда нашудааст. Дониши шифоҳӣ ва саводнокии хонандагон дар муассисаҳои мазкур дар зинаи паст қарор дорад.
Аз ин рӯ, масъулини соҳаро зарур аст, ки кори маҳфилҳоро дар муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ тақвият бахшанд.
Рафти иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2030» дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии №№8, 20,39 ва 52-и ноҳияи Муъминобод мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия баҳри амалишавии барномаи зикршуда нақшаи чорабиниҳоро иборат аз 7 банд таҳияву мураттаб намудааст. Тибқи нақшаи шуъбаи маорифи ноҳия ҳолати иҷрои Барнома дар муассисаҳои таълимии №№5,6,7,41,43 ва 44 мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар шурои шуъбаи маориф баррасӣ ва дар ин замина қарори мушаххас қабул гардидааст. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 6 кабинети фанни забони русӣ ва 47 синф-кабинети фанҳои забони русӣ ва англисӣ фаъолият доранд. Хонандагони муассисаҳои таълимии №№1,30 ва гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб» дар озмуни ҷумҳуриявии фанни забони англисӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар муассисаҳои таълимии №20, №39, №52 ва №8 синф — кабинетҳои забони русӣ ва англисӣ ташкил гардида, муассисаҳои номбурда бо омӯзгорони забон ҳои русӣ ва англисӣ таъмин мебошанд. Хонандагони муассисаҳои таълимии №8 ва №39 дар озмунҳои фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар ноҳия ва вилоят ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Бо вуҷуди ин, мушоҳиҳ дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия нишон доданд, ки ба сабаби норасоии омӯзгорони соҳиб маълумот, набудани воситаҳои аёнии муосир ва муҳайё набудани муҳити забонӣ ва муоширати забонӣ хонандагон аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ дониши хуб надоранд. Дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия дониши хонандагон аз фанҳои мазкур қаноатбахш нест. Дар муассисаҳои таълимии №6 ва №14 кабинетҳои лингофонӣ ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Дар муассисаҳои таълимии №№22, 24 ва 28 айни ҳол ягон намуди кабинет аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ фаъолият намекунад.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинг 53 нафар омӯзгори забони русӣ ва 41 нафар омӯзгори забони англисӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Дар давоми соли ҷорӣ 26 нафар омӯзгори забони русӣ ва 12 омӯзгори забони англисӣ аз курсҳои бозомӯзии такмили ихтисос гузаштаанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 32 маҳфили забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 6 кабинети фанни забони русӣ, 2 кабинети лингофонӣ, 32 синф-кабинети фанҳои забони русӣ ва англисӣ мавҷуд аст. Аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия якчанд маротиба ҳолати иҷрои барномаи мазкур дар муассисаҳои таълимии №№1,2,3,4,5,14,18 ва гимназияи давлатии ноҳия мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забони русӣ 7 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойи ифтихорӣ ва аз фанни забони англисӣ 1 нафар сазовори ҷойи дуюм гаштаанд. Норасоии 6 нафар омӯзгори фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дида мешавад. Ҳамчунин, дар ноҳия маркази омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият мекунад, ки дар он ду гурӯҳ ба омӯзиш машғул ҳастанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»